Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Сӯрохии хонаи муш, ки аз он ҷо ба хонаи ҳамсоя об гузашт, муносибати ду ҳамсояро сард намуд, ки боиси “бузкашӣ”-и зани ҳамсоя ва шикастани бинии писари 20-сола гашт.

Баҳси ин ду ҳамсоя аз деҳаи Маҳсумқулӣ дар ҷамоати “Истиқлол”-и ноҳияи Қумсангир аст, ки 5 соли пеш бо баҳонаи об задан ба ҳавлии якдигар, ки муш онро сӯрох карда буд, ба миён омад ва то ҳол идома дорад.

Бо гузашти солҳо пулиси ноҳия натавонистааст, ки ин ду ҳамсояро муҷозот намояд ё миёни ду хонавода, ки ҳамеша садояшон баланд мешавад, сулҳ биёрад. Савригул Маҳмадова мегӯяд, ҳамсояаш Муртазо Лутфуллоев бо вуҷуди ҷабру ситам, инчунин дар пинҳони ӯро дар телефонаш навор мебардоштааст.

Хонуми Маҳмадова, ки ба Радиои Озодӣ муроҷиат кард, гуфт, ки борҳо мавриди лату кӯби марди ҳамсояааш қарор гирифтааст ва пулису ҳукумати ноҳия низ ба додаш нарасидааст: “Агар қонун бошад, бояд ин масъалаи мо ҳал шавад, чун ман дигар тоқати инро надорам, бо тарс дар хонаам зиндагӣ мекунам ва мехоҳам, ки ба доди ман касе расад. Чаҳор маротиба марди ҳамсоя манро лату кӯб мекунад, ки суди ноҳия мегӯяд, ки ба президент муроҷиат кун. Нозири минтақавӣ бошад манро дашном медиҳад. Ман аслан аз куштан наметарсам, вале онҳо ба ман мегӯянд, ки духтаратро ҳаром хоҳем кард ва ба ҳамин хотир ман метарсам.”

Савригул Маҳмадова гуфт, ки шавҳараш дар муҳоҷирати меҳнатӣ аст ва шабро бо тарс рӯз мекунад, дорад, ки марди ҳамсоя ба ӯ ҳамла накунад. Маҳмадтоҳир Сафолов, писари ҳамин хонавода, ки ба гуфтаи модараш моҳи май бинияшро ҳамсояҳои “хунхор” шикастаанд ва маротибаи аввал ҷарроҳияш натиҷа надод, рӯзи ҷумъаи 21 ноябр дубора таҳти амали ҷарроҳӣ қарор гирифт.

Маҳмадтоҳир Сафолов

Маҳмадтоҳир Сафолов

Табибони шӯъбаи гӯш, бинӣ ва гулӯи беморхонаи Қарияи Болои вилояти Хатлон, ки Маҳмадтоҳир онҷо бистарӣ аст, гуфтанд, ки ин ҷавон дар натиҷаи зарбаи сахт хӯрдан, як устухони бинияш шикастааст ва инҷо маротибаи дувум амали ҷарроҳиро анҷом медиҳад.

Муртазо Лутфуллоев, ки хонаводаи ҳамсояаш аз ӯ як марди “хунхор” ном мебаранд, гуфт, ки дар ҳақиқат ба зани ҳамсояаш муносибати хубе надорад, аммо онҳо ин зан ва фарзанди ӯро латукӯб накардаанд.

Ҷаноби Лутфуллоев мегӯяд, ки вай ва хонаводаи ӯро тӯҳмат мекунанд: “Дар ҳамсоягӣ дашном кардану сухани бад гуфтанд ҳаром аст, ки мо ин корро накардаем. Мутаассифона ин зани ҳамсоя барои мо тӯҳмат мезанад, гуфтааст, ки гӯё хонаашро сангсор кардаам, вале дурӯғ аст. Агар ҳамин корҳоро мо карда бошем, бояд дар назди қонун ҷавоб диҳем. Тоза аз муҳоҷирати меҳнатӣ омадаам.”

Баҳси ҳамсояҳоро, ки якдигарро “тӯҳматчӣ”, “дурӯғгӯӣ” ва “хунхор” мегӯяд, нозирҳои минтақавӣ ва ҳатто мақомот тасдиқ карданд. Баҳсе, ки ба гуфтаи онҳо натавонистаанд сулҳеро ба миён биёранд. Ҷӯрахон Зикриёев, сардори шӯъбаи корҳои дохилаи ноҳияи Қумсангир дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки онҳо борҳо шоҳиди даъвоҳои ин ду хонавода будаанд, вале натавонистаанд, ки миёни онҳо созиш биёранд ва ба ҳамин хотир ба ин ду хонавода гуфтаанд, ки ба додгоҳ муроҷиат кунад.

Ҷаноби Зикриёев инчунин шикастани бинии Маҳмадтоҳир Сафоловро тасдиқ кард, аммо гуфт, ки захме нест, ки бояд ба пулис муроҷиат кард. Ин дар ҳолест, ки хонуми Маҳмадова мегӯяд, ки ба додгоҳ ва додситонӣ борҳо муроҷиат кардааст, вале мушкили онҳоро нодида гирифтаанд ва кӯмак накардаанд.

Ҳамсоядорӣ бо гузашти вақт низ дар рустоҳо дигар мисли солҳои пеш самимӣ нест ва бо канда шудани баргӣ дарахт аз боғи якдигар ва ҳатто сӯрох кардани девор, ки гунаҳгораш муш аст, баҳсеро ба миён меорад, ки мақомот барои ҳалаш душворӣ мекашад.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG