Пайвандҳои дастрасӣ

Полиси Мексика эътирозгаронро пароканда кард


Нерӯҳои вижаи полиси Мексика рӯзи 21 ноябр ҳазорон эътирозгаронро, ки рӯшан сохтани сарнавишти 43 донишҷӯи ғайбзадаро талаб мекарданд, аз майдони маркази пойтахт берун андохтанд.

Мақомоти интизомӣ баъди он аз истифодаи нерӯ кор гирифтанд, ки садҳо тан аз эътирозгарони ниқобпӯш дар канори Кохи Миллӣ бо полис вориди даргирӣ шуданд. Дар бораи осебдидагон то ҳол иттилое нарасидааст.

Аз ин пеш полис гурӯҳе аз эътирозгаронро, ки мехостанд шоҳроҳи фурудгоҳи байнулмилалии Мехикоро банданд, пароканда кард. 43 донишҷӯ рӯзи 26 сентябр дар шаҳри Игуала, воқеъ дар 200-километрии ҷануби пойтахти кишвар, баъд аз намоиши эътирозие, ки ба бархӯрд бо кормандони полис печид, ғайб заданд. Ба гуфтаи шоҳидон, онҳоро ба мошинҳои полис савор карда бурданд. Аз ҳамон рӯз сарнавишти донишҷӯён номаълум аст.

Додситонии Мексика хабар дод, ки дар рабудани донишҷӯён мири шаҳри Игуала гумонбар мешавад.

XS
SM
MD
LG