Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Парлумони Муғулистон нахуствазири навро интихоб кард


Парлумони Муғулистон рӯзи 21 ноябр нахуствазири кишварро интихоб кард ва ба бӯҳрони сиёсӣ дар кишвар хотима дод. Дар мақоми раиси нави ҳукумат номзади Ҳизби демократ Чимед Саиханбилег пазируфта шуд. Ҳизби мухолифи мардумии Муғулистон раъйдиҳиро таҳрим кард. Саиханбилег, ки дар ИМА таҳсил кардааст, дар мақоми нахуствазир Норовин Алтанхоягро иваз мекунад, ки рӯзи 5 ноябр бо иттиҳоми даст доштан дар фасод, хешутаборчигӣ ва заъиф шудани рушди иқтисодии Муғулистон аз мақом барканор шуд.

Муғулистон, ки ҳазорҳо километр дур аз баҳр воқеъ аст, пойбанди сармояи хориҷӣ барои соҳаи саноати кӯҳӣ ва тиҷорат боқӣ мемонад.

XS
SM
MD
LG