Пайвандҳои дастрасӣ

Ҷо Байден дар Киев бо сарони Украина дидору гуфтугӯ кард


Муовини раисиҷумҳури ИМА Ҷо Байден рӯзи 21 ноябр дар ҳоле дар Киев бо раҳбарони Украина дидору гуфтугӯ мекунад, ки дар кишвар солгарди эътирозҳо алайҳи режими русгаро таҷлил мешавад.

Байден дар мулоқотҳояш бо раисиҷумҳур Петро Порошенко ва нахуствазир Арсений Ятсенюк аз афзоиши кӯмакҳои ғайринизомии Амрико ба Украина, аз ҷумла, мошинҳои ҳарҷогард аз захираи Пентагон ва радарҳо хабар дод. Аз ин пеш ИМА ба Украина ба маблағи 53 миллион доллар кӯмаки низомиву техникӣ карда буд, ки асосан аз мошинҳои ҳарбӣ, киштиҳои хурд ва таҷҳизоти низомӣ иборат буд.

Қарор аст, ки Ҷо Байден дар як сӯҳбати "мизи гирд" дар Киев дар мавзӯи мубориза бо фасод ҳам ширкат кунад.

Эътирозҳои ҷонибдорони пайвастани Украина ба Иттиҳодияи Аврупо 21 ноябри соли гузашта шурӯъ шуданд ва бар асари онҳо моҳи феврали соли равон раисиҷумҳур Виктор Янукович ба истеъфо рафт.

XS
SM
MD
LG