Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Паҳлавонони тоҷик дар мусобиқоти силсилаи Гран-прии дзюдо дар Чин ноком шуданд.

Се паҳлавони тоҷик - Комроншоҳи Устопириён, Саидҷалол Саидов ва Муҳаммадмурод Абдураҳмонов - рӯзи 21-уми ноябр дар мусобиқоти силсилаи Гран-прии дзюдо дар шаҳри Тсиндаои Чин аз медалҳо бенасиб монданд.

Комроншоҳи Устопириён дар вазни то 90 кг дар нахустин қувваозмоияш аз Маркус Найман (Шветсия) шикаст хӯрда, аз ҳаққи идомаи мубориза барои медалҳои мусобиқа маҳрум гашт.

Саидҷалол Саидов, ки дар вазни то 100 кг дар даври аввал бар Юн Занг (Чин) пирӯз шуд, дар даври баъдӣ аз Димитри Петерс (Олмон) мағлуб гардид. Баъдан Саидҷалол дар мубориза барои медали биринҷӣ қувваозмоиро ба Рёсуке Такаҳашӣ аз Ҷопон бохт ва дар натиҷа мақоми ҳафтумро касб кард.

Муҳаммадмурод Абдураҳмонов бошад, дар вазни беш аз 100 кг дар даври аввал аз Роберт Зиммерманн (Олмон) шикаст хӯрд ва бе медал монд.

Маблағи ҷавоизи мусобиқа 100 000 доллари амрикоиро ташкил медод. Барои ҷойҳои аввал 3000 доллар (дзюдочӣ - 2400 ва мураббӣ - 600 доллар), барои ҷойҳои дувум 2000 доллар (дзюдочӣ - 1600 ва мураббӣ - 400 доллар) ва барои ҷойҳои севум 1000 доллар (дзюдочӣ - 800 ва мураббӣ - 200 доллар) супурда шуд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG