Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раиси иҷроии САҲА ба Тоҷикистон меояд


Дидье Бурхалтер, прездиенти Суис ё Шветсария ва ҳамзамон раиси иҷроии Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо шоми имрӯз, ҷумъаи 21 ноябр вориди шаҳри Душанбе мешавад. Манобеи дафтари Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо дар шаҳри Душанбе зимни тасдиқи ин хабар ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки сафари Дидье Бурхалтер, раиси иҷроияии ин созмон дар чорчӯби сафар ба кишварҳои Осиёи Марказӣ сурат мегирад ва кӯтоҳмуддат аст. Ба ин далел, ба гуфтаи ин манобеъ дар чорчӯби ин сафар, дидору гуфтугӯҳои раиси иҷроияи САҲА бо мақомоти баландпояи Тоҷикистон доир мешавад, ки баррасии ҳамкориҳои дуҷониба дар назар аст. Ин манобеъ гуфтаанд, ки бо таваҷҷӯҳ ба фурсати ками сафар, барномаҳое барои мулоқот бо намояндагони ҷомеаи маданӣ ва хабарнигорон дар назар гирифта нашудааст.

Зимнан, ҳамкориҳои Тоҷикистон бо САҲА дар соли 1993 оғоз шуда ва ин созмон бо Тоҷикистон дар бахшҳои мухталиф, ба хусус масоили интихобот, рушди демократия, озодии баён ва ғайра ҳамкорӣ дорад. Сафари раиси иҷроии САҲА ба Тоҷикистон дар ҳоле анҷом мешавад, ки ин кишвар дар остонаи баргузории интихоботи порлумонии моҳи феврали соли 2015 қарор дорад. Чанде пештар як ҳайате аз Дафтари ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқи башари САҲА аз Тоҷикистон дидан кард ва бо мақомоти ин кишвар, намояндагони аҳзобу созмонҳои маданӣ ва хабарнигорон мавзӯи баргузории интихоботӣ озоду шафоф ва демократиро баррасӣ намуд. Ин ҳам дар ҳоле, ки созмонҳои байналмилалӣ, ба хусус САҲА интихоботҳои раёсатҷумҳурӣ ва порлумонии Тоҷикистонро муғойир ба мавозини байналмилалӣ арзёбӣ кардаанд.

XS
SM
MD
LG