Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Боздиди ҳайати СБП аз Тоҷикистон ба поён расид


Ҷонатан Данн

Ҷонатан Данн

20 ноябр боздиди ҳайати намояндагии Сандуқи Байналмиллалии Пул аз Тоҷикистон ба поён расид. Ин муассисаи молии ҷаҳонӣ дар поёни боздиди хеш ба Тоҷикистон машварат дод, ки сомонӣ-пули миллии худро дар гардиши озод гузорад, вале назорати бонкиро тақвият диҳад ва ба ин тартиб аз таъсири манфии мушкилоти иқтисодии Русия худро дар канор нигоҳ дорад. СБП мегӯяд, дар кӯтоҳмуддат поинравии арзиши сомонӣ ҳамчунон ҳифз хоҳад шуд, зеро афзоиши нархи маводи ғизоӣ ва хадамоти коммуналӣ ба он таъсир мегузорад.

Ин муассисаи молӣ ҳамчунин пешниҳод кардааст, ки ҳар сол як бор дар корхонаҳои бузурги саноатии Тоҷикистон, аз қабили корхонаи Алюмин ё Талко, сохтмони ниругоҳи Роғун, ширкати «Барқи Тоҷик», бо назардошти муқаррароти байналмиллалӣ аудит ё тафтиши молӣ анҷом бигирад ва натиҷаҳои ин тафтиш дар матбуот ба нашр расад.

Боздиди ҳайати мазкур аз 6 то 20 ноябр давом кард. Бар асоси натиҷагириҳои муқаддамотии ҳайат кормандони Сандуқи Байналмиллалии Пул гузоришеро омода мекунанд ва агар гузориш аз сӯи раҳбарияти ин муассиса пазируфта шавад, дар он сурат гузориш ба Шӯрои Иҷроӣ фиристода ва дар бораи амалӣ шудани пешниҳодҳо тасмим гирифта мешавад.

Ҳайат ба хулосае расидааст, ки суръати рушди иқтисод нисбат ба як соли пеш тақрибан 1 дарсад камтар хоҳад шуд. Ба ин нукта Ҷонатан Данн-раҳбари ҳайат дар нишасти хабарии 19 ноябр дар Душанбе низ ишора кард ва гуфт, суръати рушд аз 7,4 дарсади соли 2013 дар соли 2014 ба 6,5 дарсад поин хоҳад омад.

СБП мушкилоти иқтисодии Тоҷикистонро ба омилҳои хориҷӣ, ба хусус ба Русия, иртибот медиҳад ва ба дарозо кашидани ислоҳоти сохторӣ дар Тоҷикистонро яке дигар аз омилҳои мушкилоти рушд медонад.

XS
SM
MD
LG