Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Керрӣ мегӯяд, гурӯҳи 5+1 муттаҳид аст


Ҷон Керрӣ, вазири умури хориҷии Амрико гуфт, қудратҳои ҷаҳонӣ дар музокироти атомӣ бо Эрон муттаҳид ҳастанд. Ҷон Керрӣ дар ин бора рӯзи 20-уми ноябр баъди мулоқоташ бо вазирони умури хориҷии Фаронса ва Арабистони Саудӣ дар шаҳри Порис сухан гуфт. Ӯ аз ин шаҳр барои ширкат дар музокироти атомӣ дар сатҳи боло ба шаҳри Вена пойтахти Австрия сафар кард. Бар тибқи тавофуқи дутарафа қудратҳои ҷаҳонӣ ва Эрон бояд то 24-уми ноябр ба созиши атомӣ даст ёбанд. Ҷон Керрӣ дар шаҳри Порис гуфт, “Мо мехоҳем ба созиш даст ёбем, вале на ҳаргуна созиш. Ҳамаи мо дар гурӯҳи 5+1 муттаҳид ҳастем.” Ӯ афзуд, ки сӯҳбат дар бораи тамдиди мӯҳлати музокирот нест. Мақомоти кишварҳои ғарбӣ дар рӯзҳои гузашта гуфтаанд, ки дар музокироти атомӣ бо Эрон миёни тарафҳо ихтилофоти амиқи назар вуҷуд дорад ва маълум нест, ки онҳо ба тавофуқ мерасанд, ё не. Ҳадаф аз ин созиш тазмин додани он аст, ки Эрон силоҳи атомӣ намесозад ва дар ивази маҳдуд кардани фаъолиятҳои атомӣ таҳримот алайҳи ин кишвар ба тадриҷ кам карда мешавад.

XS
SM
MD
LG