Пайвандҳои дастрасӣ

Боздошти 11 нафар барои духтаррабоӣ


Мақомоти Қирғизистон 11 нафарро бо иттиҳоми духтаррабоӣ дастгир карданд. Пулиси Бишкек рӯзи 20-уми ноябр гуфт, 6 нафарро бар асоси шикояти зани 40-солае боздошт карданд, ки гуфтааст, хоҳари ӯро барои издивоҷи маҷбурӣ рабудаанд. Дар ҳамин рӯз мақомоти шаҳри Токмок ҳам гуфтанд, ки 5 сокини ин шаҳрро барои рабудани як духтари 18-сола дастгир карданд. Ҳомиёни ҳуқуқ дар Қирғизистон мегӯянд, бар тибқи суннати қадима, солона дар ин кишвар 12 ҳазор зану духтарро мерабоянд ва зӯран ба шавҳар медиҳанд. Соли 2012 ҳукумати Қирғизистон барои духтаррабоӣ то 10 соли зиндон ҷазо муқаррар кард. Соли гузашта дар ин замина 20 парванда боз шудааст, вале ҷазо гирифтан барои ин ҷиноят аҳёнан ба назар мерасад.

XS
SM
MD
LG