Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳамла ба қароргоҳи хориҷиён дар Кобул


Ҷангҷӯёни Толиб дар Афғонистон ба як маҳаллаи зисти хориҷиён дар шаҳри Кобул ҳамла карданд. Рӯзи 19-уми ноябр аввал дар назди дарвозаи ин қароргоҳ бо номи Рустои сабз, як мошини бомбгузоришуда таркид ва сипас тирандозӣ сурат гирифт. Толибон бо нашри паёме дар Твиттер, масъулияти ин ҳамларо бар дӯш гирифтанд. Генерал Муҳаммад Зоҳир, сардори пулиси Кобул гуфт, ки дар ин ҳамла чаҳор ҷангҷӯ кушта шуданд. Яке аз онҳо ҳангоми таркондани мошини бомбгузоришудааш ҳалок шудааст ва се нафари дигарашонро маъмурони пулис куштаанд. Дар қароргоҳи Рустои сабз, таъсисоти гуногуни хориҷиён ҷойгир шудааст ва дар он кормандони қарордодии созмонҳо ва нерӯҳои байналмилалӣ зиндагӣ мекунанд. Соли гузашта як маргталаб мошини бомбгузоришудаашро дар назди ин қароргоҳ тарконд. Бо тарки Афғонистон кардани нерӯҳои хориҷӣ, Толибон ҳамлаву бобмгузориҳоро бештар кардаанд.

XS
SM
MD
LG