Пайвандҳои дастрасӣ

Муаррифии “”Фарзанди сарзамини қазоқ”


Абдуғаффори Абдуҷаббор

Абдуғаффори Абдуҷаббор

Дар толори вазорати фарҳанги Тоҷикистон муаррифии китоби “Фарзанди сарзамини қазоқ”-и Абдуғаффори Абдуҷаббор, нависанда ва тарҷумони тоҷик доир шуд. “Фарзанди сарзамини қазоқ” соли 2013 таълиф шуда ва дар бораи Асаналӣ Ашимов, актёри шӯҳратёри театру синамо, ҳунарпешаи халқии Иттиҳоди Шӯравӣ аз шаҳри Алма-Ато қисса мекунад.

Хабарнигори Радиои Озодӣ иттилоъ медиҳад, ки дар маҳфили муаррифии ин китоб, мақомоти давлатӣ, аҳли фарҳангу ҳунар ва ҳамчунин худи Асаналӣ Ашимов аз шаҳри Алма-Ато ширкат доранд.

Муаррифии “Фарзанди сарзамини қазоқ” –и Абдуғаффори Абдуҷаббор дар ҳолест, ки моҳи майи соли ҷорӣ дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия китоби ин нависандаи тоҷик бо номи "Последний снег" ё "Барфи охирин" аз чоп баромад.

Абдуғаффори Абдуҷаббор, нависанда, мутарҷим, драматург, академики Академияи ҳунари Тоҷикистон буда, доктори ифтихорӣ дар улуми фалсафа ва адабиёт буда, чанд соли ахир дар мақоми раиси дастгоҳи вазорати фарҳанги Тоҷикистон ифои вазифа мекунад.

XS
SM
MD
LG