Пайвандҳои дастрасӣ

Сироҷиддин Аслов, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо сафари расмӣ ба Покистон рафтааст. Абулфайз Атоев, сухангӯи вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон рӯзи 20 ноябр ба Радиои Озодӣ гуфт, ки “Сироҷиддин Аслов рӯзи гузашта бо даъвати расмии ҳамтои покистониаш ба Исломобод сафар кард.”

Ба гуфтаи ҷаноби Атоев, дар ҷараёни ин сафар, Сироҷиддин Аслов бо раҳбарон ва мақомоти баландпояи Покистон мулоқотҳо анҷом медиҳад. Ӯ афзуд, “густариши равобиту ҳамкориҳои дуҷониба миёни Тоҷикистон ва Покситон дар меҳвари дидору гуфтугуҳои вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо мақомоти Покистон қарор хоҳад дошт."

Равобити дипломатии Тоҷикистон бо Покистон 6 июни соли 1992 барқарор шудааст. Покистон соли 1993 сафоратхонаи худро дар Душанбе кушод ва аз 23 феврали соли 2005 сафоратхонаи Тоҷикистон дар Исломобод фаъол аст. То кунун миёни ду кишвар беш аз 30 санади ҳамкорӣ дар бахшҳои мухталиф ба имзо расидааст.

XS
SM
MD
LG