Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Киев даъвои Русияро мудохила номид


Украина ягон хел фишор аз сӯи кишвари дигар барои вуруд шудан ё нашуданш ба Паймони НАТО-ро таҳаммул нахоҳад кард. Изҳороти сухангӯи вазорати умури хориҷии Украина Евгений Перебийнис дар ин бора рӯзи 19 ноябр баъди он нашр шуд, ки шабакаи бритониёвии Би-Би-Си аз қавли Дмитрий Песков, сухангӯи раисиҷумҳури Русия Владимир Путин, аз даъвои Маскав барои кафолати комили шомил нашудани Украин ба НАТО хабар дод.

Перебийнис афзуд, ки Киев, дар навбати худ, аз Маскав мудохила накардан ба умури Украина ва хурӯҷи нерӯҳояш аз қаламрави забтшудаи Украинаро талаб дорад.

Рӯзи 19 ноябр сафири ИМА дар Украина Ҷефри Паятт дар сӯҳбат бо хабарнигорон изҳор намуд, ки ҳама гуна тасмим дар робита ба вуруди Украина ба НАТО аз сӯи мардуми Украина гирифта хоҳад шуд, на аз сӯи Русия, Аврупо ё Амрико.

Петро Порошенко, раисиҷумҳури Украина, рӯзи 17 ноябр дар сӯҳбат бо маҷаллаи олмонии Bild гуфт, ки дар бораи узвияти Украина ба НАТО ҳарф задан ҳанӯз барвақт аст. Аз ин пеш ҳизби "Баткившина” хостори баргузории референдум оид ба вуруди кишвар ба НАТО шуда буд, аммо Комиссиюни марказии интихоботи Украина аз сабти номи гурӯҳи ташаббускор сарпечӣ кард.

XS
SM
MD
LG