Пайвандҳои дастрасӣ

Интиқоди ҳомиёни ҳуқуқи башар аз истифодаи эъдом дар Эрон


Кумитаи ҳуқуқи башари СММ дар як қатънома аз далелҳои фаровони нақзи ҳуқуқи башар дар Эрон ва истифодаи ҳукми эъдом изҳори нигаронӣ кард. Дар Маҷмааи умумии ин Кумита, ки рӯзи 18 ноябр баргузор шуд, ҳайатҳои 78 кишвар пуштибон карда, 35 кишвар раъйи муқобил доданд. Ҳайатҳои 69 кишвар аз райъдиҳӣ худдорӣ карданд.

Дар тарҳ, ки аз сӯи Канада таҳия шудааст, аз Эрон даъват шудааст, то ба эъдом ва шиканҷаи маҳбусон хотима диҳад. Дар қатънома гуфта шудааст, ки Эрон ба вуруди намояндаи вижаи Кумитаи ҳуқуқи башар ба кишвар иҷоза надодааст.

Намояндаи Эрон дар Кумитаи ҳуқуқи башари СММ ба қатънома эътироз кард ва гуфт, дар он тамоюлҳои мусбате, ки дар ҷомеъаи Эрон баъди сари қудрат омадани раисиҷумҳур Ҳасани Рӯҳонӣ ба амал омаданд, ба инобат гирифта нашудаанд.

XS
SM
MD
LG