Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интиқоди раиси МН аз боло будани фоизи бонкҳо


Раиси Маҷлиси намояндагон, палатаи поёнии порлумони Тоҷикистон аз фоизи баланди қарзҳои бонкӣ, ки барои мардум ва соҳибкории хурду миёна пешниҳод мешавад, изҳори нигаронӣ кард. Шукурҷон Зуҳуров рӯзи чоршанбеи 19 ноябр зимни баррасии лоиҳаи “Қонуни буҷаи соли 2015”гуфт, “яке аз фишангҳои аслии рушди иқтисод ва таҳкими будҷа ба тиҷорати хурду миёна вобаста аст ва бо зиёд намудани ҳаҷми маблағгузории қарзӣ, аз ҷумла қарздиҳии хурду миёна ва кам кардани фоизҳо бонкҳо бояд барои рушди ин соҳа мусоидат кунанд.”

Ҷаноби Зуҳуров зимни муроҷиат ба Абдуҷаббор Ширинов, раиси Бонки милии Тоҷикистон гуфт, дар ҳоле, ки созмонҳои молиявии кишвар аз хориҷ бо фоизи аз 6 то 10 дар сад қарз мегиранд, чаро ба мардум бо фоизҳои хеле гарон пешниҳод менамоянд? Оё имкони паст кардани фоизи қарзӣ вуҷуд дорад? Абдуҷаббор Ширинов дар посух ба ин суол, бо таассуф гуфт, фоизи миёнаи қарзӣ дар як соли ахир ба фарқ аз соле пеш бештар шуда, аз 24 то ба 24,72 дар сад расидааст.

Ба гуфтаи раиси Бонки миллӣ, боло ва поин рафтани фоизи қарзи бонкӣ аслан аз таклифу пешниҳоди бозор вобастааст: “Мутаассифона талабот ба қарз ҳанӯз хеле зиёд аст ва бинобарин имсол фоизи миёна бештар шудааст. Қарзе, ки имсол аз ҷониби бонуҳо дода шудааст, назар ба соли пештар 27 дар сад зиёд аст. Аммо 98 дар сад бармегардонанд.”

Ба гуфтаи Абдуҷаббор Ширинов, қисми асосии қарзҳо аз ҳисоби пасандозҳое аст, ки ба бонкҳо гузошта мешавад ва фоизе, ки барои пасандозҳо бонк ба муштарӣ пешниҳод мешавад, то андозае коҳиш ёфтааст. Дар маҷмӯъ ҷаноби Ширинов гуфт, имсол аз созмонҳои молиявӣ 45 дар сад бештар аз хориҷ қарз гирифтаанд ва қарзе, ки онҳо мегиранд бо фоизӣ аз 6 то 12 дар сад аст аст. Шукурҷон Зуҳуров гуфт, медонад, ки бонкҳои Тоҷикистон аз нигоҳи тавонои ва иқтидорӣ молӣ қавӣ нестанд. Ҳаҷми умумии сармояи бонкҳо ним миллиард долларро ташкил медодааст, ки ба гуфтаи раиси порлумон, баробар ба дороии як сармоягузорӣ Русия ҳаст. Аммо Зуҳуров гуфт, бо ин вуҷуд бояд роҳеро пайдо карду фоизро поин бурд, вагарна метавонанд бонкҳои дигаре вориди кишвар шаванду бо пешниҳоди қарз бо фоизи кам, фаъолияти дигар бонкҳоро зери суол бубаранд.

XS
SM
MD
LG