Пайвандҳои дастрасӣ

Песков: Маскав интизори ваъдаи ба НАТО шомил нашудани Украина аст


Дмитрий Песков

Дмитрий Песков

Русия мехоҳад сад дар сад мутмаин бошад, ки ҳеҷ кишваре дар андешаи вуруди Украина ба Паймони НАТО нест. Дмитрий Песков, сухангӯи президенти Русия, дар сӯҳбат бо Би-би-си рӯзи чаҳоршанбе, ба ин нукта таъкид кард ва афзуд, “Маскав мехоҳад мутмаин шавад, ки Паймони НАТО наздикшавӣ ба марзҳои Русия ва талоши халалдор кардани мувозинати нерӯро қатъ мекунад”. Аммо, ба гуфтаи ӯ, ягон кишвар ин гуна кафолатро намедиҳад ва ин боиси асабонияту кор гирифтан аз чораҳои амниятӣ аз сӯи Русия мешавад.

Раҳбарони кишварҳои ғарбӣ аллакай иддаои Маскавро дар он бора рад карданд, ки гӯё қаблан ваъдаи аз ҳисоби кишварҳои шӯравии собиқ густариш наёфтани НАТО-ро дода буданд.

Петро Порошенко, раисиҷумҳури Украина, рӯзи 17 ноябр дар сӯҳбат бо маҷаллаи олмонии Bild гуфт, ки дар бораи узвияти Украина ба НАТО ҳарф задан ҳанӯз барвақт аст. Аз ин пеш ҳизби "Баткившина” хостори баргузории референдум оид ба вуруди кишвар ба НАТО шуда буд, аммо Комиссиюни марказии интихобот аз сабти номи гурӯҳи ташаббускор сарпечӣ кард.

XS
SM
MD
LG