Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Шпигел": Блаттер мухолифи мизбонии Қатар дар Ҷоми ҷаҳон аст


Ҷозеф блаттер, раиси ФИФА, Анҷумани байнулмилалии федератсияҳои футбол, алайҳи баргузории чемпионати ҷаҳон оид ба футбол дар Қатар дар соли 2022 садо баланд кард.

Ба навиштаи маҷаллаи олмонии "Шпигел" чанд рӯз пеш Блаттер дар сӯҳбат бо намояндагони Иттиҳодияи футболи Норвегия шайхҳои Қатарро одамони ҳавобаланд номид ва гуфт, ки онҳо гумон мекунанд бо пул ҳама чизро харидан мукин аст. Блаттер, ба навиштаи маҷалла, арабҳоро дар пуштибонӣ аз гурӯҳи “Давлати исломӣ” ҳам айбдор кардааст.

Айни ҳол ФИФА бар асари гармии ҳаво дар Қатар мавзӯъи на тобистон, балки моҳҳои ноябр ё декабри соли 2022 дар ин кишвари арабӣ баргузор кардани чемпионати ҷаҳонро баррасӣ мекунад. Тасмим дар ин бора миёнаҳои соли оянда гирифта хоҳад шуд.

XS
SM
MD
LG