Пайвандҳои дастрасӣ

Теъдоди қурбониёни ҳамла ба каниса афзоиш ёфт


Теъдоди қурбониёни ҳамла ба каниса ё синагога дар шаҳри Байтулмуқаддас то панҷ нафар афзоиш ёфт. Ба навиштаи хабаргузориҳо, рӯзи 19 ноябр як корманди полиси Исроил аз ҷароҳатҳои сангин аз олам даргузашт. Чаҳор қурбонии дигар – раббиҳоянд. Се нафари онҳо шаҳрванди Исроилу ИМА ва яку нафари дигар шаҳрвандии Исроилу Бритониёро доштанд.

Ҳамла ба каниса 18 ноябр аз сӯи ду фаластинии мусаллаҳ бо табару корд ва туфангча сурат гирифт. Ҳарду ҳамлагарон дар тирандозӣ бо полис кушта шуданд.

Авзоъ дар Байтулмуқаддас рӯзҳои ахир ноором боқӣ мемонад. Ду ҳафта пеш як ронандаи фаластинӣ мошинашро сӯи гурӯҳи пиёдаравҳо равона кард. Дар ин ҳодиса ду нафар кушта ва даҳ каси дигар маҷрӯҳ шуданд.

Тобистони соли равон Исроил дар посух ба мушакандозии гурӯҳи ҲАМОС амалиёти густурдаи низомиро дар борикаи Ғаза доир кард, ки бар асари он ҳазорҳо фаластиниҳо кушта шуданд. Шурӯъ аз моҳи апрел музокироти сулҳ миёни Исроилу Фаластин мунҷамид шудааст.

XS
SM
MD
LG