Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафари Ҷон Керрӣ ба Вена ба таъхир уфтод


Ҷон Керрӣ, вазири умури хориҷии Амрико, сафараш ба Вена ба хотири ширкат дар баҳси ниҳоӣ оид ба барномаи ҳастаии Эронро мавқуф гузошт. Қарор буд ӯ миёнаҳои ҳафта вориди пойтахти Австрия шавад, аммо сухангӯи вазорати умури хориҷӣ Ҷейн Псакӣ шоми 18 ноябр гуфт, ки Ҷон Керрӣ рӯзи 19 ноябр дар Лондон мемонад ва субҳи рӯзи ҷумъа ба Порис меравад. Вазири умури хориҷӣ, афзуд хонум Псакӣ, аз Лондон машваратҳоро бо тими музокиракунанда дар Вена ва бо мансабдорони амрикоӣ дар Вошингтон идома медиҳад. Дар Порис бошад, Ҷон Керрӣ дар робита бо барномаи ҳастаии Эрон бо вазирони умури хориҷии Арабистони Саъудӣ ва Фаронса мулоқотҳои алоҳида анҷом хоҳад дод.

Рӯзи ниҳоии имзои созиш миёни Теҳрон ва “шашгона” – ИМА, Бритониё, Фаронса, Русия, Чин ва Олмон рӯзи 24 ноябр муқаррар шудааст. Музокирот дар Вена бо миёнҷигарии Иттиҳодияи Аврупо идома дорад ва аммо ба гуфтаи мансабдорони эронӣ ва аврупоӣ, дар баъзе мавзӯъҳо миёни ҷонибҳо ихтилофи назар боқӣ мемонад.

XS
SM
MD
LG