Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар Тоҷикистон нахустин гипермаркети фаронсавӣ бунёд мешавад


Дар Тоҷикистон ба зудӣ сохтмони нахустин гипермаркети фаронсавӣ ва ё фурӯшгоҳи бузурги молҳои арзон бо номи “Ашан” шурӯъ мешавад. Қарордоди сармоягузорӣ барои бунёди ин гипермаркет, дар ҷараёни сафари Сума Чакрабортӣ, мудири Бонки Аврупоии Бозсохт ва Рушд дар Душанбе имзо шуд. Гипермаркет, ки дар масоҳати 5 ҳазор метри мураббаъ сохта мешавад, ба ширкати “Ашан-Тоҷикистон”, муаасисаи тобеъи гурӯҳи Schiever-и Фаронса тааалуқ хошад дошт. Бар тибқи баёнияи катбии Бонки Аврупроии Бозсозӣ ва Рушд, ки рӯзи 18-уми ноябр нашр шуд, бар асоси қарордод, бонки мазкур барои бунёди ин фурӯшгоҳи бузург 5 миллион евро ва ё бештар аз 6 миллион доллар сармоягузорӣ мекунад.

Ширкати “Шивер” як шарики тиҷоратии “Ашан групп”(Auchan) аст, ки дар Фаронсаву Лаҳистон силсилаи фурӯшгоҳҳои бузурги Ашанро дар даст дорад. Ба гуфтаи Бонки Аврупоии Бозсозӣ ва Рушд, дар Тоҷикистон мардум маҳсулоти ғизоиро дар бозору фурӯшгоҳҳои хурд ва бо қиммати гарон мехаранд ва бо бунёди гипермаркети нав барои онҳо интихоби дигар пайдо мешавад. Бар тибқи баёния, бо бунёди фурӯшгоҳи нав, ки мувофиқ бо тамоми меъёрҳои беҳдоштиву муосир фаъолият хоҳад кард, рақобат байн фурӯшгоҳҳо зиёд мешавад ва қиматҳо низ поин меоянд. Сума Чакраборти, мудири Бонки Аврупоии Бозсозӣ ва Рушд, ки барои ду рӯз ба Тоҷикистон сафар кард, зимни имзои қарордоди сармоягузорӣ гуфтааст, ки “Боз кардани нахустин фурӯшгоҳи молҳои арзон дар Тоҷикистон, на танҳо зиндагии мардуми маҳаллиро беҳтар мекунад, балки меъёрҳои баландтар дар соҳаи фурӯши чаканаро роиҷ мекунад ва дар бахши истеҳсолу фурӯш ҷойҳои кории нав месозад.”

Ба қавли Фредерик Лоббев, мудири кулли “Шивер Тоҷикистон”, “Ҷорӣ кардани системаи муосири фурӯши чакана барои Тоҷикистон як навӣ инқилоб аст ва дар беҳбуди амнияти ғизоии кишвар мусоидат мекунад. “ Ӯ изҳори боварӣ кардааст, ки гипермаркети “Ашан” бо молҳои дастрасу босифат дар миёни мардум маҳбуб мешавад. Бахше аз саҳмияҳои ширкати “Шивер Тоҷикистон” дар ихтиёри Бонки Аврупоии Бозсозӣ ва Рушд хоҳад буд. Ин бонк то кунун дар арсаҳои мухталифи иқтисоди Тоҷикистон 360 миллион евро сармоягузорӣ кардааст.

XS
SM
MD
LG