Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Эрон ҳабси Ғунчаро бо мухолифон иртибот медиҳад


Ғунча Қавомӣ

Ғунча Қавомӣ

Қувваи қазоияи Эрон мегӯяд, Ғунча Қавомӣ-хонуми бритониёии эронитабор ба таври расмӣ барои иртибот бо мухолифон гунаҳгор дониста мешавад, на барои ширкат дар бозии воллейбол.

ISNA-хабаргузории Эрон 18 ноябр аз қавли дафтари Додситонии Теҳрон гуфт, ки Ғунча дар этирозҳои мухолифон дар хориҷ шахси фаъол будааст. Дар ин хабар ҳамчунин гуфта мешавад, ки Ғунча бо шабакаҳои телевизиони моҳвораӣ мисли шабакаи бахши форсиии BBC иртибот доштааст. Ин шабака дар Эрон мамнуъ эълон шудааст.

Ғунча Қавомӣ 25 сол дорад ва моҳи июн ҳангоми талоши ширкат дар воллейболи мардона боздошт шуда буд. Моҳи октябр вакили мудофеи вай гуфт, ки Ғунча барои таблиғи зидди низоми Эрон гунаҳгор дониста шудааст ва барои як сол маҳкум ба зиндон шудааст. Вале дафтари додситонӣ дар бораи ҳукми додгоҳ чизе нагуфт ва афзуд, ки расидагӣ ба парвандаи Ғунча то ҳол идома дорад.

XS
SM
MD
LG