Пайвандҳои дастрасӣ

Лондон мегӯяд, Теҳрон бояд нармишпазир бошад


 Ҷон Керрӣ ва Филип Ҳаммонд

Ҷон Керрӣ ва Филип Ҳаммонд

Британия мегӯяд, ки Теҳрон бояд нармиш нишон диҳад, агар созишномаи байналмиллалӣ роҷеъ ба қатъи барномаҳои ҳастаиаш имзо шавад. Филип Ҳаммонд-вазири корҳои хориҷаи Британия ин суханонро 18 ноябр дар Лондон изҳор дошт, дар рӯзе ки музокироти ҳастаии Эрон бо шаш қудрати ҷаҳонӣ дар Вена оғоз шуд. 24 ноябр мӯҳлати ниҳоии дастёбӣ ба созишномаи ниҳоӣ ба поён мерасад.

Ҳаммонд баъд аз музокира бо Ҷон Керрӣ-вазири корҳои хориҷаи Амрико гуфт, “ман бовар дорам, ки созиш ба даст ба хоҳад омад. Вале мо созиши баде нахоҳем кард. Ин музокирот хеле сахт аст ва агар мо муваффақ шавем, Эрон бояд нармиш нишон диҳад “.

Шаш қудрати ҷаҳонии ширкаткунандаи музокирот мегӯянд, ки Эрон дар ивази қатъи таҳримҳои зидди Теҳрон бояд фаъолиятҳои ҳастаиашро боздорад.

XS
SM
MD
LG