Пайвандҳои дастрасӣ

НАТО хост, ки Русия нируҳояшро фаро хонад


Ҷенс Столтенберг

Ҷенс Столтенберг

Ҷенс Столтенберг-Дабири Кулли НАТО 18 ноябр гуфт, ки дар ду тарафи марзи миёни Украинаву Русия “сафороии ҷиддии нируҳо”-и Русия мушоҳида мешавад. Вай аз Русия хост, ки нируҳои худро фаро хонад.

Столтенберг дар сӯҳбат бо хабарнигорон дар Бруссел гуфт, ки маълумоти дарёфтӣ аз НАТО ва сарчашмаҳои дигар нишон медиҳад, ки “дар дохили Украина сафороии низомӣ ба чашм мехӯрад, вале дар он тарафи марз дар қаламрави худи Русия низ нируҳо ҷамъ шудаанд”.

Вай баъд аз вуруд ба Бруссел барои ширкат дар ҷаласаи вазирони дифои кишварҳои узви НАТО гуфт, “ин сафороии ҷидист ва мо аз Русия даъват мекунем, ки нируҳояшро фаро хонад ва мувофиқатномаҳои сулҳро риоят кунад”.

5 сентябр Киев ва шӯришиёни ҷонибдори Кремл дар Минск созишномаи сулҳро имзо карданд. Русия яке аз ҷонибҳои ҳали сулҳомези вазъи пешомадаи кунунӣ ба шумор меравад. Столтенберг гуфт, агар Русия чунин корашро идома диҳад, ҳамчунон дар инзиво боқӣ хоҳад монд.

XS
SM
MD
LG