Пайвандҳои дастрасӣ

Лавров: Киев мехоҳад шарқи Украинаро бӯғӣ кунад


Сергей Лавров

Сергей Лавров

Русия Украинаро муттаҳам кард, ки талош дорад қалмарвҳои зери контроли ҷудоихоҳонро дар шарқи Украина бо напардохтани дастмузд ва бастани ниҳодҳои давлатӣ бӯғӣ кунад.

Сергей Лавров-вазири корҳои хориҷаи Русия даъвати Маскав аз Киевро такрор кард. Маскав мехоҳад, ки ҳукумати Украина бо ҷудоихоҳони ҷонибдори Русия музокира анҷом диҳад. Ҷудоихоҳон ҳоло баъзе минтақаҳои Донетск ва Луҳанскро зери назорати худ доранд. Дар ҷангҳои минтақаҳои шарқ аз моҳи апрел ба ин сӯ 4 100 нафар кушта шудаанд.

Чунин рафтори Киев ҷавоб ба интихоботест, ки ҷудоихоҳон 2 ноябр дар минтақаҳои зери назорати худ баргузор карданд. Аз ин интихобот Ғарб интиқод ва онро нақзи созишномаи сулҳи 5 сентябр номид.

Лавров ин суханонро дар мулоқот бо вазири корҳои хориҷаи Белорус дар Минск изҳор дошт ва гуфт, Русия Иттиҳодияи Аврупоро чун “ҳамкори бузург ва муҳими иқтисодӣ мешиносад”.

XS
SM
MD
LG