Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҷустуҷӯи ҳамкори Аблязовро эълон карданд


Александр Поткин-миллатгарои рус

Александр Поткин-миллатгарои рус

Дар Қазоқистон ҷустуҷӯи Александр Поткин-яке аз ҳамкорони Мухтор Аблязов-ғули иқтисодии Қазоқистон ва норозии сиёсиро эълон кардаанд. Худи Аблязов ҳоло дар Фаронса дар зиндон ба сар мебарад ва ҳамкори вай Поткин ба эҳтимоли “барангехтани нафрати миллӣ” гунаҳгор дониста мешавад.

Додситонии кулли Қазоқистон гуфт, ки бар зидди Александр Поткин, ки чун Александр Белов низ шинохта мешавад, парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Поткин шаҳрванди Русия аст ва дар гузашта раҳбари Ҷунбиши зидди муҳоҷирати ғайриқонунӣ дар Русия буд.

Поткинро моҳи гузашта дар Маскав боздошт карданд ва вай барои кӯмак ба шустушӯи пулҳои дуздӣ аз боки БТА-и Алмаато гунаҳгор дониста мешавад.

Аблязов раиси пешини БТА аст ва барои шустушӯи 5 миллиард доллар дар Русияву Қазоқистон ва Украина дар ҷустуҷӯ қарор дорад.

XS
SM
MD
LG