Пайвандҳои дастрасӣ

Додгоҳ аз "Нигоҳ" хост, дар бораи бонки Пиров нанависад


Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ аз ҳафтаномаи “Нигоҳ” тақозо кардааст, ки аз нашри матлабе дар бораи “Тоҷиксодротбонк” худдорӣ кунад. Нашрия ин тақозои додгоҳро ғайриқонунӣ хонд.

Нашрияи мустақили "Нигоҳ" тақозои додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ дар мавриди худдорӣ аз нашри матлаб дар бораи "Тоҷиксодиротбонк"-ро ғайриқонунӣ медонад.

Саймуддин Дӯстов, сармуҳаррири “Нигоҳ” рӯзи 18 ноябр ба Радиои “Озодӣ” гуфт, мактуби додгоҳ бо имзои додрас Ҳ. Раҷабзодаро бо ҳуқуқшиносони соҳа мавриди баррасӣ қарор дода, ба хулосае расидаанд, ки ин далели рӯирост бо қонуншиканӣ монеа эҷод кардан ба фаъолияти журналистӣ, кӯшишҳои ғайриқонунӣ қатъ кардани нашри силсиламақолаи “Тилисми Тоҷиксодиротбонк” аст, ки ба таҳқиқи як қазияи фиреби муштарӣ пардохта буд.

Ин матлаби “Нигоҳ” се ҳафта ба таври силсила нашр шудааст. Дар он як муомилаи пулии беш аз 1 миллион доллар миёни Қамаруззамон Азизов, аз оилаи маъруфи овозхонон Азизовҳо ва “Тоҷиксодиротбонк”- и Тоҷиддин Пиров меравад. Даъвои аввалӣ ин аст, ки кормандони бонк бо роҳандозии як барнома хостаанд хонаву дари ӯву хушдоманашро, ки ба гарав гузошта шуда буданд, аз худ кунанд.

Рӯзи 12 ноябр, додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе бо имзои Ҳ. Раҷабзода бо як таъинот аз ҳафтаномаи “Нигоҳ” тақозо карда буд, ки ба нашри силсиламақолаи “Тилисми Тоҷиксодиротбонк” то моҳиятан баррасӣ гардидани парвандаи шаҳрвандӣ ва эътибори қонунӣ пайдо намудани ҳалномаи суд хотима бахшад. Ин таъинот дар пайи муроҷиати раҳбарияти “Тоҷиксодиротбонк” ба додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ бароварда шудааст.

Саймуддин Дӯстов мегӯяд, додрас огоҳона бар асоси дархости “Тоҷиксодиротбонк” ва бе иштироки намояндаи нашрия қарор қабул кардааст. Вай афзуд, ҳатто даъвогарони ин қазия - Искандаровҳо огоҳ накарда, хулосаи соддаеро баровардааст, ки дар матлаб “натиҷаи мурофиаи судӣ” пешакӣ баён шудааст, ҳол он ки чунин нест. Ӯ мегӯяд, "судя дар рафти баррасии дархост ва қабули таъйинот ҳолатҳои корро наомӯхта, ягон матлаби ин силсила-мақолаи "Нигоҳ"-ро нахондааст. Агар мехонд, мутмаин мешуд, ки дархости бонк ғайриқонунӣ ва ғаразнок аст. Дар се матлаби силсила-мақола сухан аз ҳолатҳои кор, амалҳои ғайриқонунии директори ҶДММ “Луна-2003” Рустам Қаюмов, кормандони алоҳидаи ҶСК “Тоҷиксодиротбонк” ва дигар шахсони манфиатдор меравад ва натиҷаи ҳич як мурофиаи судӣ дар се мақола зикр нашудааст. Кирдори “муҳокимаи натиҷаи пешакии мурофиаи судии парвандаи мушаххаси судӣ” дар амалҳои журналистони “Нигоҳ” вуҷуд надорад.

Қурбонназар Восиев, сухангӯи “Тоҷиксодиротбонк” ба “Озодӣ” гуфт, далели муроҷиати намояндаи бонк ба додгоҳ ин буд, ки парвандаи мазкур дар ҳоли баррасиҳои судӣ аст ва дар ин мақтаъи замонӣ пардохтан ба нашри тафсилоти он то ҷое дахолат ба тафтиши додгоҳ аст.

Баҳси Фароғат Искандарова, хушдомани Қамаруззамон Азизов аз як сол ба ин сӯ дар додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ идома дорад. Бино ба ин баҳс, Қамаруззамон Азизов аз “Тоҷиксодиротбонк” барои сармоягузории тиҷорати ҳамкораш Рустам Қаюмов ҳудуди 1 миллион доллар қарз гирифта, манозили зисти худу хушдоманашро ба гарав ниҳодааст. Дар ин миён, ҳамкори тиҷоратиаш ба Туркия фирор карда, ба ҳамин минвол, Азизовро низ дар ҳолати ногувор гузоштааст. Тафсилоти қазия то ба ҳол рӯшан гуфта намешавад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG