Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дувумин мусобиқаи кушодаи Ҷоми “Вастан” дар Душанбе


Дувумин мусобиқаи кушода оид ба дзюдо байни наврасон барои Ҷоми “Вастан” рӯзҳои 22-23-юми ноябр дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад.

Рӯзҳои 22-23-юми ноябр дар шаҳри Душанбе, дар Маҷмааи варзишии Кумитаи андози Тоҷикистон, дувумин мусобиқаи кушода оид ба дзюдо байни наврасони солҳои таваллудашон 1997-1999 барои Ҷоми Бошгоҳи варзишии “Вастан” барпо мегардад. Ташкилкунандагони ин мусобиқа Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон, Федератсияи дзюдои кишвар ва Бошгоҳи варзишии “Вастан”мебошанд.

Дар ин мусобиқа ба ҷуз паҳлавонони ҷавони тоҷик, варзишгарони Афғонистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Туркия, Узбакистон ва Эрон ширкат хоҳанд кард. Ба ин мусобиқа, инчунин, доварони дараҷаи байналмилалӣ аз Русия, Қазоқистон, Қирғизистон, Узбакистон ва Эрон даъват шудаанд.

Ҳамчунин кумитаи тадорукоти мусобиқа варзишгари маъруфи дзюдо Ораш Мирисмоилӣ, қаҳрамони дукаратаи ҷаҳонро аз Эрон даъват кардааст.

Бояд тазаккур дод, ки Бошгоҳи варзишии “Вастан” моҳи июни соли 2010 бо ибтикору сарпарастии паҳлавони маъруфи тоҷик Нуралӣ Шарифов, раиси Ҷамъияти саҳҳомии шакли пӯшидаи “Файз”, таъсис ёфтааст. Он нахуст дар ноҳияи Дарвоз баъди ба истифода додани толори варзишии Вастан, ки бо маблағи ин тоҷири тоҷик сохта шуд, ба кор шурӯъ намуд. Баъдан, моҳи сентябри соли 2011 дар шаҳри Душанбе маркази Бошгоҳи варзишии “Вастан” ба фаъолият оғоз кард.

Паҳлавонони навраси Бошгоҳи варзишии “Вастан” дар якчанд мусобиқаи байналмилаливу қитъавӣ ва ҷумҳуриявӣ ширкат карда, натиҷаҳои баланд ба даст овардаанд. Чунончи, ду узви ин бошгоҳ - Салмон Раҳмихудоев (66 кг) ва Ардашер Мирзоев (+90 кг) моҳи ноябри соли равон дар мусобиқаи байналмилалии дзюдо ба хотираи устоди варзиш Учқун Муродов дар шаҳри Чирчиқи Узбакистон барои ҷойҳои дувум бо медалҳои нуқра мукофотонида шуданд.

Нуралӣ Шарифов
Нуралӣ Шарифов

Нуралӣ Шарифов, раиси Бошгоҳи варзишии “Вастан”, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, “умедворем, ки ин мусобиқа ба рушди дзюдо ва таҳкими дӯстӣ миёни варзишгарони навраси кишварҳои мухталиф мусоидат мекунад ва дар оянда аз байни онҳо устодони бузурги дзюдо, ба мисли Расул Боқиев, ба камол мерасанд. “

Ғолибони мусобиқа дар 9 вазн – 46, 50, 55, 60, 66, 73, 81,90, +90 кг ба ҷуз медалу диплом, бо ҷоизаҳои молӣ (барои ҷойҳои аввал 300 доллар, барои ҷойҳои дувум 200 доллар ва барои ҷойҳои севум 100 доллар) мукофотонида мешаванд.

Ин мусобиқа дар Маҷмааи варзишии Кумитаи андозиТоҷикистон, ки 1,5 ҳазор ҷойгоҳ дорад, рӯзҳои истироҳат – 22-23-юми ноябр соати 10-и субҳ шурӯъ мешавад. Маросими ифтитоҳи ботантанаи мусобиқа рӯзи шанбеи 22-юми ноябр соати 16:30 барпо мегардад.

Ёдовар мешавем, дар мусобиқаи соли гузашта дар ҳисоби дастаӣ варзишгарони Тоҷикистон бо 7 медали тилло, 5 нуқра ва 9 биринҷӣ мақоми аввалро касб карда, соҳиби мукофоти аслӣ – Ҷоми “Вастан” шуда буданд. Дастаи Украина бо 2 медали тилло, 1 нуқра ва 3 биринҷӣ дар ҷойи дувум ва мунтахаби Русия бо як медали нуқра ва 4 биринҷӣ дар ҷойи севум қарор гирифтанд.

XS
SM
MD
LG