Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таронаи нави Манижа дар иҷрои Ҷонибек


Манижа Давлатова
Манижа Давлатова

“Дар ин дунё ” исми таронаи нави Ҷонибек Муродов аст, ки бар поияи оҳанги Манижа Давлатова, як овозхони дигари маъруфи тоҷик иҷро шудааст. Матни таронаи мазкурро Шоираи Раҳимҷон навиштааст. Суруди “Дар ин дунё” дар Тошканд омода шуда, ба гуфтаи овозхон, Ҷонибек Муродов, ин оҳангро бо хоҳиши худи ӯ Манижа барояш таҳия кардааст. Ҷонибек мегӯяд, чандин сол боз бо Манижа Давлатова дӯстӣ дорад ва ин оҳангро ҳам Манижа як соли пеш барояш тақдим кардааст. Манижа Давлатова, ки баъд аз солҳои 2006 ва дар авҷи маъруфияташ аз саҳнаи ҳунар дур шуд, чанд соли ахир асосан бо оҳангҳои худ, ки аз ҷониби сарояндаҳои дигар суруда мешаванд, аз худ дарак медиҳад. Дар баробари Ҷонибек овозхонон Зайнура Пулодова ва Ҳабиб Ҳакимов ҳам бар пояи оҳангҳои Манижа Давлатова суруд хондаанд.

Мусоҳибаи ихтисосии Радиои Озодӣ бо Ҷонибек рӯзҳои наздик нашр мешавад.

XS
SM
MD
LG