Пайвандҳои дастрасӣ

Порошенко: "Мо омодаи ҷанги ҳамаҷониба ҳастем"


Петро Порошенко, раиси ҷумҳури Украина, гуфт, “кишвараш омодаи як ҷанги ҳамаҷониба аст. Айни замон даргирӣ миёни нерӯҳои давлатии Украина ва ҷудоихоҳони тарафдори Русия дар атрофи шаҳри Донетск идома дорад. Ин шаҳр дар дасти ҷудоихоҳон аст. Петро Порошенко дар мусоҳиба бо рӯзномаи “Билд”-и Олмон гуфтааст, ки “ Ман аз ҷанг бо нерӯҳои Русия наметарсам. Мо омодаи сенарияи ҷанги ҳамаҷониба ҳастем. Мо ҷанг намехоҳем, мо сулҳ мехоҳем ва мо барои арзишҳои аврупоӣ меҷангем. Аммо Русия ҳеҷ созишномаеро риоят намекунад.” Ин мусоҳиба рӯзи 17-уми ноябр нашр шуд. Бо вуҷуди созиши оташбаси рӯзи 5-уми сентябр ҳанӯз ҳам даргирӣ миёни ду тараф идома дорад. Аз замони оғози муноқиша дар шарқи Украина дар моҳи апрел, то кунун 4 ҳазор нафар дар инҷо кушта шудаанд. Петро Порошенко гуфтааст, ки ҳоло артиши Украина омодагии беҳтар дорад ва “тамоми ҷаҳон” кишварашро тарафдорӣ мекунанд.

XS
SM
MD
LG