Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Русия чанд дипломати лаҳистониро ихроҷ кард


Ҳукумати Русия гуфт, ки дар посух ба ихроҷи чанд дипломати Русия, як дипломати олмонӣ ва чанд дипломати лаҳистониро аз кишвар хориҷ кардааст. Вазорати умури хориҷии Русия рӯзи 17-уми ноябр бо нашри як баёнияе гуфт, дипломатҳои лаҳистонӣ ба корҳои номувофиқ ба фаъолиятҳои дипломатӣ машғул буданд, ки ба ибораи дигар ҷосусист. Лаҳистон низ бо айни иттиҳом дипломатҳои Русияро аз кишвар рондааст. Дар баёнияи вазорати умури хориҷии Русия омадааст, ки ихроҷи дипломати олмонӣ дар охири ҳафтаи гузашта посухе ба иқдоми ғайридӯстонаи Олмон буд, ки як дипломати русро чанде пеш ихроҷ кардааст. Бинобар муноқиша дар Украина, ҳамроҳ кардани нимҷазираи Қрим ба қаламрави Русия ва эъмоли таҳримот алайҳи ин кишвар, муносиботи Иттиҳодияи Аврупо ва Русия сард шудааст.

XS
SM
MD
LG