Пайвандҳои дастрасӣ

Амрико қатли Абдулраҳмон Кассигро таъйид кард


Ҳукумати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико хабари марги Питер Кассиг, маъмури имдодиро, ки бо номи Абдулраҳмон Кассиг шинохта шудааст, таъйид кард. Пештар аз ин созмони тундрави Давлати исломӣ видеои сар буридани Питер Кассигро дар интернет нашр кард. Барак Обама, раиси ҷумҳури Амрико рӯзи 16-уми ноябр дар як баёнияе гуфт, “Як гурӯҳи террористӣ, ки ҷаҳониён онро ноинсон медонад, бо ҳадафи шарири худ, Абдулраҳмонро аз мо гирифт.” Барак Обама ин баёнияро ҳангоми бозгашташ аз сафари Осиё ба Амрико аз дохили ҳавопаймо нашр кард. Ӯ ҳамчунин ба хешу наздикони Питер Кассиг изҳори тассалият кард. Питер Кассиги 26-сола ва сарбози собиқи амрикоиро, ки ба корҳои хайрия машғул буд ва ба осебдидагони ҷанг дар Сурия кӯмак мекард, соли гузашта рабуданд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG