Пайвандҳои дастрасӣ

"Давлати исломӣ" масъулияти таркиш дар Бағдодро бар дӯш гирифт


Гурӯҳи “Давлати исломӣ” масъулияти таркиши мошини ҳомили тарканда дар канори фурудгоҳи байнулмилалии Бағдодро бар дӯш гирифт, ки бар асари он панҷ нафар ҷароҳат бардоштанд. Дар дигар таркишҳо дар Бағдод ва атрофи пойтахти Ироқ бошад, рӯзи якшанбе дасти кам панҷ нафар ҷон бохтанд.

Таркиши рӯзи 16 ноябр дар канори фурудгоҳ алайҳи корвони СММ иборат аз се мошин равона шуда буд. Ба иттилои масъулини СММ дар Ироқ, маргталаб мошинашро дар канори корвон тарконд. Бар асари таркиш як мошин хароб шуд, ба мусофирони корвон осеб нарасидааст, аммо панҷ каси дар ҷойи ҳодиса буда бо ҷароҳатҳои гуногун ба бемористон интиқол ёфтанд.

Дар як ҳодисаи ҷудогонаи дигар, таркиши бомб дар назди патрули полис дар маҳаллаи суннинишини Родванӣ, воқеъ дар ҷанубу ғарби Бағдод, мунҷар ба ҳалокати ду корманди полис ва захмӣ шудани панҷ нафари дигар гардид. Таркиши минаисари роҳӣ дар як хиёбони тиҷоратии Бағдод бошад, се кушта бар ҷой гузошт. Дар ин ҳодиса нӯҳ нафари дигар ҷароҳат бардоштаанд.

XS
SM
MD
LG