Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Соҳиби клуби футбол барои риш ҷарима меситонад


Президенти дастаи футболи Туркия - “Генчлербирлиги” Илхан Ҷавҷав тасмим гирифтааст, ки бозингаронро барои риш ҷарима кунад. Ба навиштаи рӯзномаи The Guardian, чопи Лондон, ҳар футболбози даста, ки бо риш ба майдон мебарояд, ба маблағи 8 ҳазору 900 евро ҷарима хоҳад шуд.

Илхан Ҷавҷав гуфтааст, ки "ман 80-солаам ва ҳаррӯз ришамро метарошам. Аммо клуб ба мактаби имом-хатибҳо табдил шудааст. Шумо варзишгаред ва бояд намуна барои ҷавонон бошед!”

Илхан Ҷавҷав кӯшиш кард, ки раиси Федератсияи футболи Туркияро барои манъи бо риш ба майдон баромадани бозингарон мойил созад, аммо посух гирифт, ки УЕФА – Анҷумани футболи Аврупо риш мондани футболбозонро манъ намекунад. Акнун Илхан Ҷавҷав мехоҳад, ки дигар дастаҳои футболро ба таъини ҷарима барои ришмонӣ розӣ кунад.

XS
SM
MD
LG