Пайвандҳои дастрасӣ

Карзай: Мубориза бо террор дар Афғонистон натиҷаи дилхоҳ надод


Ҳомид Карзай, раисиҷумҳури собиқи Афғонистон, мегӯяд, ки “сиёсати дугона”-и Амрико дар баробари Афғонистон боиси густариши ифротгароӣ дар минтақа шудааст.

Дар сӯҳбати ихтисосӣ бо Радиои Озодӣ ӯ гуфт, ки мансабдорони воломақоми амрикоӣ аз як сӯ мегуфтанд, ки Покистони ҳамсоя ба террористҳо паноҳгоҳ медиҳад ва аз сӯи дигар аз ӯ хоҳш мекарданд, ки ин мавзӯъро бо раҳбарони Покистон матраҳ накунад.

Ҳомид Карзай, ки мӯҳлати раёсаташ дар садри Афғонистон рӯзи 29 сентябр ба поён расид, ҳамчунин мутмаин аст, ҷанги 13-сола ва мубориза бо терроризм дар Афғонистон натиҷаҳои дилхоҳ надодааст. Ба гуфтаи ӯ, “ифротгароӣ на фақат аз беху бун канда нашуд, балки ҳатто дар минтақа густариш ёфт”. Карзай бори дигар Покистонро дар пуштибонӣ аз ҷунбиши “Толибон” муттаҳам кард ва ошӯби онҳоро як амали аз сӯи Исломобод “сармоягузоришуда” номид.

XS
SM
MD
LG