Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Путин: Низомиёни рус дар Украина ҳузур надоранд


Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия, рӯзи шанбе, дар сӯҳбат бо нахуствазири Канада Стивен Ҳарпер дар чаҳорчӯби нишасти “Гурӯҳи 20” дар Австралия бори дигар таъкид кард, ки нерӯҳои низомии кишвараш дар Украина ҳузур надоранд.

Ба иттилои хабаргузорҳои Reuters ва Bloomberg, Ҳарпер қабл аз сӯҳбат бо Путин дар шаҳри Брисбен изҳор намуд, ки нерӯҳои Русия бояд Украинаро тарк намоянд. Раисиҷумҳури Русия дар посух гуфт, ки ин мутаассифона ин корро кардан ғайримуикн аст, зеро он ҷо низомиёни рус нестанд. Дар ҳамин ҳол Дмитрий Песков, сухангӯи раисиҷумҳури Русия, сару садоҳоро дар он бора, ки Путин нишасти Гурӯҳи Бистро қабл аз вақт тарк мекунад, рад кард.

Аз ин пеш пеш Барак Обама, раисиҷумҳури Амрико, рӯзи шанбе изҳор намуд, ки ИМА дар садри талошҳои ҷомеъаи ҷаҳонӣ дар муқобила бо таҷовузи Русия алайҳи Украина қарор хоҳад дошт. Дар сӯҳбат бо донишҷӯёни донишгоҳи Квинсленд дар шаҳри Брисбен Обама таҷовуз алайҳи Украинаро – таҳдид ба ҳама олам номид. Ба гуфтаи сарвари ИМА, яке аз намунаҳои ин таҳдид – суқути ҳавопаймои Малайзия дар шарқи Украина аст.

Киев ва сарони бархе кишварҳои ғарбӣ мутмаинанд, ки ин ҳавопаймо тавассути мушаки ҷудоихоҳони рустабор ба замин сарозер шудааст. Дар ин фоҷиа, ки рӯзи 17 июл рӯй дод, 298 нафар, аз ҷумла, 38 мусофир аз Австралия ба ҳалокат расиданд.

Нишасти сарони "Гурӯҳи 20" рӯзи якшанбе идома мекунад.

XS
SM
MD
LG