Пайвандҳои дастрасӣ

Ашраф Ғанӣ ва Навоз Шариф мавзӯъҳои доғро баррасӣ карданд


Ашраф Ғанӣ, раисиҷумҳури Афғонистон, рӯзи шанбе дар Исломобод бо нахуствазири Покистон Навоз Шариф дидору гуфтугӯ кард. Навоз Шариф баъд аз музокирот ба хабарнигорон гуфт, ки Покистону Афғонистон дар мавриди таҳкими ҳамкориҳои иқтисодӣ тавассути густариши тиҷорату сармоягузорӣ ба созиш расиданд. Бар навиштаи бархе хабаргузориҳо, Ашраф Ғанӣ ва Навоз Шариф мавзӯъҳои "доғ"-и амниятӣ, аз ҷумла, баргузории амалиёти муштараки нерӯҳои амниятиву полиси марзбонии ду кишварро ҳам баррасӣ кардаанд.

Як рӯз пеш сарвари Афғонистон бо ҳамтои покистонияш Мамнун Ҳусейн, чанд тан аз мушовирони ӯ ва вазири молияи Покистон Исҳоқ Дор ҳам мулоқотҳо анҷом дода буд.

Ин нахустин сафари расмии Ашраф Ғанӣ ба Покистон баъди шурӯъ ба ифои вазифа дар моҳи сентябри соли равон аст.

XS
SM
MD
LG