Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ЕКА аз болои шаҳоби Чурюмов-Герасименко маълумоти тоза гирифт


Дастгоҳи кайҳонии “Фила” шоми ҷумъа шояд барои охирин бор аз болои шаҳоб ё ситораи думдори 67Р, ки Чурюмов-Герасименко номгузорӣ шудааст, маълумот фиристод.

Мутахассисони Оҷонси фазонавардии Аврупо (ЕКА) рӯзи шанбе гуфтанд, ки ин дастгоҳ аз рӯи шаҳоби Чурюмов-Герасименко ба дастгоҳ ё зонди кайҳонии “Розетта” маълумоти тоза ирсол кард ва аммо ба асари хотима ёфтани энерҷияш гумон аст дубора иртиботро барқарор кунад. Аз нигоҳи онҳо, ҳангоми болои шаҳоб фуруд омадан дастгоҳи “Фила” зери сояи харсанге дар канори кратер монд ва аз ин рӯ панелҳои офтобияш аз гирифтани нерӯи кофӣ маҳрум монданд.

Шаби 12-уми ноябр дастгоҳи кайҳонии Оҷонсии фазонавардии Аврупо барои аввалин бор дар таърихи башарият рӯи як шаҳоб ва ё “ситора”-и думдор нишаст, Ин шаҳобро Светлана Герасименко, нуҷумшиносе аз Тоҷикистон ҳамроҳи устодаш аз Украина Клим Чурюмов соли 1969 дар фазои Қазоқистон кашф карданд.

XS
SM
MD
LG