Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дастгоҳи кайҳонии “Фила” шоми ҷумъа шояд барои охирин бор аз болои шаҳоб ё ситораи думдори 67Р, ки Чурюмов-Герасименко номгузорӣ шудааст, маълумот фиристод.

Мутахассисони Оҷонси фазонавардии Аврупо (ЕКА) рӯзи шанбе гуфтанд, ки ин дастгоҳ аз рӯи шаҳоби Чурюмов-Герасименко ба дастгоҳ ё зонди кайҳонии “Розетта” маълумоти тоза ирсол кард ва аммо ба асари хотима ёфтани энержияш гумон аст дубора иртиботро барқарор кунад. Аз нигоҳи онҳо, ҳангоми болои шаҳоб фуруд омадан дастгоҳи “Фила” зери сояи харсанге дар канори кратер монд ва аз ин рӯ панелҳои офтобияш аз гирифтани нерӯи кофӣ маҳрум монданд.

Шоми ҷумъа мутахассисони ЕКА тавонистанд, ки мавқеи дастгоҳро дар рӯи шаҳоби Чурюмов-Герасименко тағйир диҳанд, аммо ба нерӯи кофӣ гирифтани панелҳои офтобияш мутмаин нестанд. Ҳамзамон мутахассисони Оҷонси кайҳонии Аврупо дар шаҳри Дармштадт хушҳолии худро аз иттилои аз шаҳоби Чурюмов-Герасименко дастрас шуда пинҳон намекунанд ва мегӯянд, ки болои шаҳоб нишастани дастгоҳи кайҳонӣ худ комёбии беназир аст.

Баъди нишастан дастгоҳи “Фила” дар болои шаҳоб корҳои пармасозиро анҷом дод ва донишмандон умедворанд чӣ элементҳои кимиёвӣ доштани ҷинсҳои кӯҳиро муайян мекунанд ва ба суоле посух меёбанд, ки оё тавассути шаҳобҳо дар сайёраи Замин элементҳои зарурӣ барои зиндагӣ пайдо шудаанд?

Шаби 12-уми ноябр, дастгоҳи кайҳонии Оҷонсии фазонавардии Аврупо барои аввалин бор дар таърихи башарият рӯи як шаҳоб ва ё “ситора”-и думдор нишаст, Ин шаҳобро Светлана Герасименко, нуҷумшиносе аз Тоҷикистон ҳамроҳи устодаш аз Украина Клим Чурюмов соли 1969 дар фазои Қазоқистон кашф карданд. Светлана Герасименко соли 1973 то имрўз ба ҳайси ходими илмӣ дар Пажӯҳишгоҳи астрофизикаи Академияи илмҳои Тоҷикистон кор мекунад.

Фарҳод Раҳимӣ, президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон рӯзи 13- уми ноябр дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, фуруд омадани дастгоҳи кайҳонӣ болои шаҳоб аз дастовардҳои муҳимӣ илмӣ ва умуман инсоният дар асри 21 мебошад. Ӯ гуфт: “Дар асри мо ин бузургтарин муваффақияти илмӣ аст. Худатон тасаввур кунед, ки дастгоҳи кайҳонӣ баъди даҳ сол мувофиқи нақша дар сатҳи кометта нишаст. Мақсади асосии фиристодани ин дастгоҳ, омӯзиши сохтор ва таркиби химиявии ин кометта аст. Ин кометта аз офтоб хеле дур ҷойгир аст ва ва дар таркиби яхии он тавассути ин дастгоҳ омӯхта шуда, мунтазам маълумотҳо ба замин фиристода мешавад. Бояд гӯям ки чун дар кашфи ин ситораи думдор саҳми олимони тоҷикистонӣ низ ҳаст ва ин боиси ифтихори мост.”

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG