Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Ансор Байт ал-Мақдис" масъулияти ҳамла дар Синойро ба дӯш гирифт


Гурӯҳи ифротии “Ансор Байт ал-Мақдис” масъулияти ҳамлаи маргталабонаи пурқурбонии моҳи гузашта дар нимҷазираи Синойро бар дӯш гирифт. Дар он ҳам 30 корманди полиси Миср ба ҳалокат расида буданд.

Раҳбарони гурӯҳ рӯзи шанбе дар як изҳороти видеоӣ ҳамларо интиқом барои таъқиби исломгароҳои мисрӣ баъд аз барканории раисиҷумҳур Муҳаммад Мурсӣ аз сӯи низомиён дар моҳи июли соли гузашта номиданд.

Тайи тақрибан якуним соли ахир бар асари ҳамлаҳои гурӯҳи “Ансор Байт ал-Мақдис” даҳҳо тан аз низомиён ва кормандони полиси Миср кушта шуданд. Таркиши мошини зиреҳпӯш дар постгоҳи нимҷазираи Синой рӯзи 24 октябр – хунбортарин ҳамлаи гурӯҳ маҳсуб мешавад.

XS
SM
MD
LG