Пайвандҳои дастрасӣ

Фурӯши доллар дар Душанбе барои пешгирӣ аз беқурбшавии сомонӣ


Ба манзури ҷилавгирӣ аз болоравии қурби беш аз ҳадди доллар дар баробари воҳиди пулии Тоҷикистон -- сомонӣ, дар чанд нуқтаи шаҳри Душанбе фурӯши доллар ба роҳ монда шудааст.

Бонки миллии Тоҷикистон барои ҷилавгирӣ аз ҷаҳиши беш аз ҳадди қурби доллари амрикоӣ дар баробари сомонӣ, дар чанд нуқта дар бозорҳои калони Душанбе фурӯши долларо ба роҳ мондааст.

Саррофон дар ин нуқтаҳо сад доллари амрикоиро бар ивази 532 сомонӣ ба фурӯш бароварданд. Муштариён дар назди ин нуқтаҳо навбат истоданд ва дар баъзе мавридҳо кор то ба кашмакаш мерасад.

Зеро нархи доллар дар саррофиҳои маъмулӣ бо қимати 558 -560 сомонӣ ба фурӯш бароварда шудааст. Ин қабил нуқтаҳои ивази асъор дар бозорҳои “Султони Кабир”, “Ҷал-Ҷам” ва “Корвон” роҳандозӣ шудаанд.

Бонки миллии Тоҷикистон қаблан гуфта буд, таҳдиди уфти башиддати қурби сомонӣ вуҷуд надорад ва ин ниҳод ба ягон навъ дефолт дар бозори асъори кишвар роҳ нахоҳад дод. Ҷамшеди Юсуфиён, муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон рӯзи 12 ноябр ба Радиои Озодӣ гуфт, коҳиш ёфтани қурби сомонӣ дар баробари доллар як раванди минтақаиест, ки реша дар тағйироти якбораи қурби асъори муҳим – рубли русӣ дорад.

Вай афзуд, азбаски мардуми Тоҷикистон бо рубли русӣ дар муҳоҷират ва тиҷорат сарукор доштанд, талабот ба доллар дар кишвар афзуд ва пешниҳод дар сатҳи пешина монд, аз ин хотир, Бонки миллии Тоҷикистон пас аз таҳлили вазъ ба хулосае омад, ки қудрати молиявии кишвар барои ба ҳадди инқироз расидани қурби пули миллӣ мерасад ва шаҳрвандон набояд дар ташвиш бошанд.

Изҳори назари муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон дар ҳолест, ки тайи 20 рӯзи ахир қурби сомонӣ дар баробари доллар башиддат коҳиш меёбад. Агар 10 рӯзи пеш 1 доллар ба 5 сомониву 10 дирам харидорӣ мешуд, ҳоло дар аксари саррофиҳо 5 сомониву 40 дирам шудааст.

Далели аслии коҳиши сомонӣ дар баробари долларро иқтисодшиносон ба кам шудани воридоти маболиғи муҳоҷирин рабт доданд, ки соли 2013 4,2 миллиард, ҳудуди 50 дарсади маҷмӯи маҳсулоти дохилии Тоҷикистонро таъмин карда буданд. Аммо имсол муҳоҷирини Тоҷикистон бо коҳиш ёфтани қурби пули русӣ, бино ба бархе таҳлилҳо, сеяки даромади худро аз даст додаанд. Илова бар ин, бонкҳои Русия интиқоли маболиғи онҳо бо долларро манъ карданд ва маболиғи онҳо дар роҳ ба Тоҷикистон низ то ҷое қурби худро аз даст доданд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG