Пайвандҳои дастрасӣ

Ширкати донишҷӯёни тоҷик дар ҷашнвораи "Дӯстии халқҳо"


14 ноябр дар донишгоҳи “Дӯстии Халқҳо”-и шаҳри Маскав ҷашнвораи ҳунарии донишҷӯён баргузор шуд. Дар он ҳудуди 200 нафар донишҷӯ аз Тоҷикистон ширкат доштанд. Дар чаҳорчӯбаи ин ҷашнвора бо ширкати онҳо мизи гирде зери унвони “Гуфтугӯи забонҳо ва фарҳангҳо дар асри 21” баргузор шуд.

Донишҷӯёни тоҷик як намоишгоҳ низ созмон дода буданд ва дар он осори фарҳангии тоҷикӣ ва ғизоҳои тоҷикиро ба намоиш гузошта буданд. Донишҷӯёни тоҷик барномаи консертиеро ба ҳуззор пешкаш карданд.

Муҳаммади Эгамзод-сухангӯи сафорати Тоҷикистон дар Маскав ба Радиои Озодӣ гуфт, масъулини сафорат дар ин ҷашнвора бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот ва дар бораи шароити таҳсил бо онҳо сӯҳбат кардаанд. Ҷашнвораи ҳунарӣ зери шиори “Дӯстӣ тавассути фарҳанг” баргузор шуд.

XS
SM
MD
LG