Пайвандҳои дастрасӣ

Аҳмадзай ба қароргоҳи артиши Покистон рафт


Ашраф Ғанӣ Аҳмадзай, раиси ҷумҳури Афғонистон, рӯзи 14-уми ноябр ба қароргоҳи фармондеҳони артиши Покистон рафт, ки инро як нишонае аз нармии равобит миёни ду кишвар медонанд. Ашраф Ғанӣ Аҳмадзай ба шаҳри Равалпиндӣ, маҳалли ҷойгиршавии қароргоҳҳои артиш ва воҳидҳои низомии Покистон рафт ва дар назди пайкараи сарбозони қурбоншудаи покистонӣ гул гузошт. Ӯ ҳамчунин бо Роҳил Шариф, фармондеҳи артиши Покистон мулоқот кард. Дар ин сафар, раиси ҷумҳури Афғонистонро вазири дифоъ, фармондеҳи артиш ва дигар мақомоти баландпоя ҳамроҳӣ мекарданд ва ба ӯ дар бораи вазъ дар манотиқи марзии Покистону Афғонистон иттилоъ доданд. Артиши Покистон гуфт, ки Ашраф Ғанӣ Аҳмадзай, аз талошҳои нерӯҳои покистонӣ дар роҳи мубориза бо терроризм ситоиш кардааст ва гуфтааст, ки тарафдори тақвияти ҳамкориҳои низомии Покистону Афғонистон аст.

XS
SM
MD
LG