Пайвандҳои дастрасӣ

Рӯзи 14-уми ноябр дар ҷазираи Пҳукети Тайланд маросими ифтитоҳи ботантанаи Бозиҳои IV соҳилии Осиё баргузор шуд.

Дар Бозиҳои IV соҳилии Осиё, ки дар ҷазираи Пҳукети Тайланд то 23-юми ноябр идома хоҳанд кард, варзишгарони 34 кишвари қора ширкат доранд. Ба барномаи Бозиҳо 28 намуди варзиш дохил аст. Нахуст дар сабқати самбо байни мардон ду варзишгари тоҷик - Мустафо Ҳасанов дар вазни то 68 кило ва Зайналобуддини Аъзамхон дар вазни то 82 кило вориди рақобат шуданд. Вале ҳарду дар даврҳои муқаддамотӣ аз рақибонашон шикаст хӯрда, аз ҳаққи идомаи мубориза барои медалҳо маҳрум гаштанд.

Варзишгарони тоҷик, инчунин, дар намудҳои ҷиу-ҷитсу, каратэ, гуштии кураш ва ғайра рақобат мекунанд.

Дар ду рӯзи мусобиқот варзишгарони 20 кишвар медалҳои Бозиҳоро ба даст овардаанд. Мунтахаби Муғулистон бо касби 8 медал, аз он ҷумла 6 нишони тилло ва 2 нишони биринҷӣ дар ҳисоби умумидастаӣ дар ҷойи аввал аст. Мунтахаби Имороти Муттаҳидаи Араб бо касби 9 медал ( 4 тилло, 2 нуқра ва 3 биринҷӣ) дар ҷойи дувум қарор дорад. Мизбонон – варзишгарони Тайланд, ки 11 медал ( 3 тилло, 2 нуқра ва 6 биринҷӣ) ба даст овардаанд, дар мақоми севум мебошанд.

Умуман, то ҳоло варзишгарони 20 кишвар медалҳои бозиҳоро соҳиб шудаанд ва намояндагони 8 кишвар ба унвони қаҳрамонӣ мушарраф гаштаанд.

Натоиҷи мусобиқаи самбо аз рӯи барномаи Бозиҳои IV соҳилии Осиё
Занон

Вазни то 52 кг

1. Гулбабам БОБОМУРОДОВА (Туркманистон)

2. Лайло ҚОНУСБОЕВА (Қазоқистон)

3. Бҳагавати МАҶҲӢ (Непал) ва Шаҳло ЮЛДОШЕВА (Узбакистон)

Вазни то 64 кг

1. Баттургс ТУМЕН-ДО (Муғулистон)

2. Карен ХАММАЗ (Лубнон)

3. Надя АССАФ (Сурия) ва Шоиста САФАРОВА (Узбакистон)

Вазни то 72 кг

1. Батаа САИНБУЯН (Муғулистон)

2. Насиба СУРКИЕВА (Туркманистон)

3. Супаттра НАНОНГ (Тайланд) ва Виктория ОЗДАЕВА (Узбакистон)

Мардон

Вазни то 68 кг

1. Тумуркуленг ДАВААДОР (Муғулистон)

2. Артур ТЕ (Қирғизистон)

3. Минсук ҶУНГ (Кореяи Ҷанубӣ) ва Багдат ЖАРИЛГАССОВ (Қазоқистон)

Вазни то 82 кг

1. Тувшинҷаргал ГАН (Муғулистон)

2. Ерҷан КАБДЕЛОВ (Қазоқистон)

3. Тежен ТЕЖЕНОВ (Туркманистон) ва Йозеф КАРИМЯН (Эрон)

Вазни то 100 кг

1. Черон ЧОЙ (Кореяи Ҷанубӣ)

2. Эҳсон КАРИМЯН (Эрон)

3. Элдор ҒУЛОМОВ (Узбакистон) ва Алаа Исо ҲАМЗА (Ироқ)

Натоиҷи сабқати дастаӣ оид ба самбо

1. Қазоқистон

2. Туркманистон

3. Муғулистон ва Узбакистон

XS
SM
MD
LG