Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Путин таҳримҳоро ғайриқонунӣ номид


Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия, гуфтааст, ки таҳримоти эъмолкардаи Иттиҳодияи Аврупо, Амрико ва дигар кишварҳо алайҳи Русия бинобар бӯҳрони Украина мухолифи усулҳои Гурӯҳи 20 ва қонунҳои байналмилалӣ аст. Владимир Путин дар мусоҳибае ба хабаргузории русии ТАСС, ки рӯзи 14-уми ноябр нашр шуд гуфтааст, ки бастани ҳисобу, манъи додани раводиди сафар ва маҳрум кардани ширкатҳои Русия аз дастрасӣ ба бозорҳои молии ғарбӣ танҳо ҳаққи Созмони Милал аст. Владимир Путин эътироф кардааст, ки таҳримот ва поин рафтани қимати нафт ба иқтисоди Русия зарар расондаанд, аммо ба гуфтаи ӯ, Русия ба қадри кофӣ захираи пул дорад, ки зиёни бӯҳрони иқтисодиро кам кунад, ӯҳдадориҳои иҷтимоиаш дар дохили кишварро иҷро намояд. Мусоҳибаи Путин як рӯз пеш аз нишасти Гурӯҳи 20 дар Австралия нашр шуд ва ӯ гуфтааст, ки баҳси масъалаи таҳримҳо дар ин нишаст, «маънӣ надорад.» Ҳамоиши сарони кишварҳои Гурӯҳи 20 дар ҳолест, ки гуфта мешавад, Русия дигарбора танку тупу сарбозонашро ба Украина ворид кардааст.

XS
SM
MD
LG