Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мавлоно Абдулҳамид: "Аз тавҳини аҳли суннат худдорӣ шавад"


Мавлон Абдулҳамид, имоми аҳли суннати Зоҳидон.
Мавлон Абдулҳамид, имоми аҳли суннати Зоҳидон.

Раҳбари аҳли суннат ва ҷамоати Эрон аз раиси нави радио ва телевизиони давлатии он кишвар хостааст, ки дар минтақаҳои сунниниши он кишвар азони аҳли суннат пахш шуда ва аз тавҳин ба эътиқодоти мазҳабӣ ва фарҳангии ақвоми эронӣ худдорӣ шавад.

Мавлоно Абдулҳамид, имоми аҳли суннати Зоҳидон дар номаи худ ба Муҳаммад Сарфароз, раиси нави Садо ва Симои Эрон навиштааст, ки гардонандагони радио ва телевизиони бояд аз гузоришҳои мазҳабӣ ва ҳизбӣ ва ғайра дурӣ карда ва бетарафии худро ба ҳама ба исбот бирасонанд. Ба гузориши сайти хабарии "Сунни онлайн", имоми аҳли суннати Зоҳидон дар номаи худ ишора ва гуногунии қавмӣ ва мазҳабӣ дар Эрон хостори он шуд, ки аз забон, либос, фарҳанг ва эътиқодорти динӣ ва мазҳабии ақвом дар барномаҳои радио ва телевизон бо "эҳтироми хос" ёд шавад.

Вай гуфтааст, талош шавад дар филмҳо ва сериалҳо ва дигар барномаҳои радио ва телевизон ба либос ва фарҳанги ақвоми эронӣ ва эътиқодоти мазҳабиашон тавҳине сурат нагирад. Дар солҳои гузашта уламои аҳли суннати Эрон, аз ҷумла Мавлоно Абдулҳамид борҳо ба "тавҳин" ба боварҳои аҳли суннат дар радио ва телпвизиони Эрон эътироз кардаанд. Дар охирин маврид, имоми аҳли сунати Озодшаҳр, чанд рӯз қабл ба "таҳрифи эътиқодоти аҳли суннат" ва пахши тасвирҳо аз телевизион, ки ба иддаои ин расона, азодории аҳли суннат барои имоми савуми шиаҳоро нишон медод, эътироз кард. Ба гуфтаи ин донишманди аҳли суннат, "мо ин ҳақро дорем, ки мутобиқи мазҳаби худ амал кунем. Оё дар мазҳаби аҳли суннат рӯзи азодорӣ вуҷуд дорад.?"

Бар асоси гузоришҳо, дар пайи ин суханронӣ, радио ва телевизиони Эрон ҳамлаҳои шадидеро ба ин рӯҳонии аҳли суннат кардааст. Пахши филми "Мухторнома" дар соли 2009 низ эътироз густурдаи рӯҳониёни аҳли суннат дар Эронро сабаб шуд. Ҳусайн Амин, яке аз уламои аҳли суннати курд дар Эрон дар бораи ин сериал ба Радио Фардо -- бахши эронии Радиои Озодӣ гуфт, "мутаассифона ин корҳо нав нест. Дар филми Имом Алӣ ҳам ин масъала буд....агар инҳо рост мегӯянд, пас чаро ба мо иҷоза намедиҳанд то аз ҳамин радио ва телевизиони Эрон аз худамон дифоъ кунем?"

Имоми аҳли суннати Зоҳидон дар ин номаи худ ба раиси нави радио ва телевизиони Эрон гуфтааст, ки "ҳамчунин шоиста аст азони аҳли суннат дар вақтҳои шаръӣ дар минтақаҳои суннинишин пахш шавад ва дар ростои муаррифии муносиби фарҳангу одоб ва русуми онҳо барномаҳое дар радио ва телевизион ба забони модарии ақвом тавлид шавад."

Дархости пахши азони аҳли суннат аз радио ва телевизион дар минтақаҳои суннинишин пеш аз ин борҳо аз сӯи рӯҳониёни аҳли суннат ва расонаҳои наздик ба онҳо матраҳ шудааст.

Мавлоно Абдулҳамид дар идомаи ин нома навиштааст, "дар шароите ин масъулият ба ҷаноби олӣ вогузор мешавад, ки дар саросари ҷаҳон шабакаҳои моҳвораии зиёде роҳандозӣ шуда ва рӯшан аст ин шабакҳо таъсири зиёде хусусан миёни эрониён дошта ва бисёре аз онҳоро ҷазб кардаанд". Муҳаммад Сарфароз чанд рӯз пеш бо ҳукми Оятуллоҳ Алии Хоманаӣ, раҳбари Эрон ба раёсати Садо ва Симо расид.

Имоми аҳли суннати Зоҳидон дар номаи худ навиштааст, "бо таваҷҷӯҳ ба ин ки расонаҳои миллӣ марбут ба ҳама эрониён аст, ҷазби эътимоди мардуми Эрон то радио ва телевизионро аз худ бидонанд ва ба он бовар кунанд, бисёр зарурӣ аст."

Ба гуфтаи рӯҳониёни аҳли суннат, бар асоси омори вазорати умури дохилии Эрон ва изҳороти манбаъҳои расмӣ, аҳли суннат "ҳудуди 20 дарсад"-и ҷамъияти Эронро ташкил медиҳанд.

XS
SM
MD
LG