Пайвандҳои дастрасӣ

Шаҳри Байиҷии Ироқро аз ҷангҷӯён гирифтанд


Мақомоти Ироқ мегӯянд, нерӯҳои давлатӣ, ҷангҷӯёни созмони Давлати исломиро аз шаҳри Байиҷӣ маҳалли бузургтарин полоишгоҳи нафти кишвар берун кардаанд. Хабаргузориҳо аз қавли мақомоти ироқӣ рӯзи 14-уми ноябр навиштанд, ки нерӯҳои давлатӣ бо ҳимояти аъзои қабилаҳои суннимазҳаб ҳамчунин ин полоишгоҳи нафтро аз муҳосираи ҷангҷӯён халос карданд. Телевизиони давлатии Ироқ низ рӯзи панҷшанбе аз қавли генерал Абдул Ваҳоб ал Саъдӣ дар бораи озодии шаҳри Байиҷӣ хабар дод. Тундравони исломӣ ин шаҳрро тобистони имсол ишғол карданд.

XS
SM
MD
LG