Пайвандҳои дастрасӣ

Бритониё ҷиҳодиёнро аз ҳаққи бозгашт маҳрум мекунад


Сарвазири Бритониё, Дейвид Кемерон эълон кард, ки бино бар қонуни нави кишвараш шаҳрвандоне, ки барои ширкат дар ҷиҳод ба Ховари Миёна рафтаанд, дигар ба Бритониё ворид шуда наметавонанд. Ҷиҳодиёни бритониёӣ, ки барои ширкат дар ҷангҳо ба хориҷа сафар кардаанд, бино бар қонуни нави зиддитеррористии Бритониё ба ин кишвар баргашта наметавонанд. Дар бораи қонуни нав Сарвазири Бритониё, Дейвид Кемерон дар паёмаш ба порлумони Австралия хабар дод.

Вай афзуд, манъи ҳаққи бозгашт мӯҳлати 2 ё зиёда солро дар бар хоҳад гирифт. Аммо онҳое ҳаққи вуруд ба Бритониёро пайдо хоҳанд кард, ки ба назорати қатъии мақомот аз болояшон ризоият хоҳанд дод. Бино бар тарҳи нав мақомоти Бритониё ин ҳақро низ хоҳанд дошт, ки аз сафари гумонбарони терроризм ба хориҷи кишвар пешгирӣ кунанд.

Мунтақидони тарҳи нав қонунмандии онро зери суол мебаранд, аммо ҳизби кори Кемерон мегӯяд, барои боздоштани тундгароӣ бояд чораҳои аз ин ҳам сахттар амалӣ шавад.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG