Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Глазев омодагии Қирғизистонро ба узвият дар ИИА бозрасӣ мекунад


Сергей Глазев, мушовири президенти Русия Владимир Путин дар умури ҳамгироии иқтисодии минтақавӣ дар сафаре ба Бишкек, пойтахти Қирғизистон, омодагиҳои ин кишварро барои вуруд ба Иттиҳоди гумрукӣ ва Иттиҳоди Иқтисодии Авруосиё баррасӣ кард. Вай аз ҷумла бо сарвазири Қирғизистон, Ҷоомарт Оторбоев гуфтушунид дошт. Оторбоев дар ин дидор гуфтааст, ки раванди омодагии Қирғизистон ба узвият дар ин иттиҳод аз рӯйи нақша идома дорад. Аъзои Иттиҳоди гумрукӣ – Русия, Беларус ва Қазоқистон аз оғози соли 2015 Иттиҳоди Иқтисодии Авруосиёро таъсис медиҳанд ва интизор меравад, ба дунболи Арманистон то поёни сол Қирғизистон низ ба ин эътилоф ҳамроҳ хоҳад шуд. Русия ва Қазоқистон гуфтаанд, омодаанд, дар ҳолати душвориҳои солҳои аввали узвият ба Қирғизистон мадад расонанд. Мақомоти Тоҷикистон гуфтаанд, имкониятҳои узвият дар ин иттиҳодро баррасӣ мекунанд.

XS
SM
MD
LG