Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баррасии ҳамкориҳои Тоҷикистон ва САҲА дар Базел


Вазирони корҳои хориҷаи САҲА (акс аз бойгонӣ)
Вазирони корҳои хориҷаи САҲА (акс аз бойгонӣ)

4-5 декабри соли ҷорӣ дар шаҳри Басели Шветсария ҷаласаи 21 –ӯми Шӯрои вазирони кишварҳои узви САҲА баргузор мешавад. Интизор меравад, ки дар кори ин ҷаласа Сироҷиддин Аслов-вазири корҳои хориҷаи Тоҷикистон низ ширкат кунад. Дар ин ҷаласа масъалаҳои сиёсӣ, ҳуқуқи инсон, масъалаҳои амниятӣ ва иҷрои уҳдадориҳои кишварҳои узв дар чаҳорчӯбаи САҲА баррасӣ мешавад.

Пешбинӣ мешавад, ки вазири корҳои хориҷаи Тоҷикистон дар ҳошияи ин мулоқот ҳамкориҳои дуҷонибаро бо раҳбарони созмони мазкур ва бо вазирони кишварҳои узв, аз ҷумла вазирони кишварҳои Осиёи Марказӣ баррасӣ кунад.

Ҳоло дар САҲА 57 кишвар узвият доранд. Охирин кишваре,ки ба узвияти ин созмон пазируфта шуд, Муғулистон мебошад. Ин кишвар соли 2013 ба узвият даромад. 11 кишвари дигар чун кишвари нозир дар дар ҷаласаҳои ин созмон ширкат мекунанд.

Ба ин гурӯҳ кишварҳое мисли Афғонистон, Миср, Ҷопон, Таиланд, Кореяи Шимолӣ, Марокаш, Алҷазоир, Исроил дохиланд.

XS
SM
MD
LG