Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҷудоихоҳон ва сарбозони Украина талафот додаанд


Дар даргириҳои тоза миёни сарбозони артиши Украина ва ҷудоихоҳони тарафдори Русия ҳар ду тараф талафот додаанд ва нигарониҳо аз авҷ гирифтани муноқиша дар шарқи Украина зиёдтар мешавад. Артиши Украина рӯзи 13-уми ноябр гуфт, дар ҷараёни даргириҳои 24 соати гузашта чаҳор сарбозашро талаф додааст ва 18 нафари дигари онҳо захмӣ шудаанд. Бар тибқи баёнияи артиш, ҷангҳо умдатан дар наздикии фурудгоҳи шаҳри Донетск ва дар наздикии рустои Дебалтсево дар наздикии шаҳри Луҳанск сурат гирифтааст. Назорати ҳарду шаҳр дар дасти ҷудоихоҳони Украина аст. Мақомоти ҷудоихоҳи ба ном Ҷумҳурии Мардумии Донетск гуфтанд, ки дар натиҷаи тирандозӣ аз минамёт ба ин шаҳр, се нафар ҷароҳат бардоштаанд ва мавқеъҳои онҳо бомборон шудааст. Айни замон Русия иддаоҳо дар бораи ирсоли танку туп ва сарбозонаш ба шарқи Украинаро рад кардааст.

XS
SM
MD
LG